Донишҷӯй худро корманди мақомот гуфту аз муаллим пора гирифт


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ҷавони 21-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки худро корманди мақомот гуфта, аз шаҳрвандон маблағ мегирифта

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ҷавони 21-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки худро корманди мақомот гуфта, аз шаҳрвандон маблағ мегирифтааст

 Тибқи гузориши ВУД, ҷавони муттаҳам дар қаллобӣ Алихон Олимов, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ба иттилои ВУД, Олимов худро корманди мақомот муаррифӣ карда, ба ивази маблағ ба шаҳрвандон тайёр кардани шаҳодатномаи ронандагиро ваъда намудааст.

Худи дастгиршуда дар гузориши видеоӣ эътироф мекунад, ки худро корманди мақомот гуфта, барои таҳия кардани шаҳодатномаи ронандагӣ маблағ мегирифтааст.

Ӯ аз ҷумла қисса мекунад, охири моҳи апрел бо як муаллим - Ашӯров Сайёд шинос шуда, ҳамчун корманди мақомот ваъда додааст, ки агар барои ӯ ва ягон нафар аз наздиконаш шаҳодатномаи ронандагӣ зарур бошад, муроҷиат кунад.

Ба гуфтаи Олимов, муаллим хостори тайёр кардани шаҳодатномаи ронандагӣ барои худаш шуда, 2 ҳазор сомонӣ додааст.

ВУД мегӯяд, танҳо дар моҳҳои апрел майи соли ҷорӣ чор ҳолати қаллобии донишҷӯй ошкор шудааст ва ӯ зарари расондаашро ҷуброн кардааст.

Мақомот дар гузориши видеоӣ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки агар туъмаи қаллобии Олимов шудаанд, ба мақомоти милисаи маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.