Тағйроти кадрӣ: Раҳмон мақомдорони Кумитаи андозу Вазорати нақлиётро ҷо ба ҷо кард

Имрӯз, 14 май Эмомалӣ Раҳмон як қатор мансабдорони баландпояро аз вазифаҳояшон озод намуда, гурӯҳеро ба вазифаҳои нав таъин кард

 

Имрӯз, 14 май Эмомалӣ Раҳмон як қатор мансабдорони баландпояро аз вазифаҳояшон озод намуда, гурӯҳеро ба вазифаҳои нав таъин кард

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон аз барканор гаштани як қатор мансабдорони баландпояи тоҷик тибқи қарорҳои роҳбари давлат хабар дод.

Манбаъ санадҳои имзокардаи Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи барканориву таъйин гардидани масъулини Вазорати нақлиёту Кумитаи андоз мунташир кардааст.

Ҳамин тавр қарорҳо дар бораи аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Ш.Р., аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода Л.Ҳ., аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Юсуфи П.С., аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шарифзода Ф.Н. замима шудаанд.

Ҳамчунин, Одиназода Н.Х. аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ, Наҷмудинов С.М. аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ ва Қурбонзода Х.Ҳ аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ озод шудаанд. 

 Эмомалӣ Раҳмон Ганҷалзодаро сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт,  Мақсудзодаро директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта", ва Давлатзодаро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардааст.