Прокурори генералӣ, вазири молия ва раиси Бонки миллӣ дар назди Раҳмон гузориш доданд

Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ кард

 

Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ кард

 Имрӯз, дар Кохи Борбад Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, ёрдамчиёни президент, намояндагони раёсат ва сохторҳои Дастгоҳи иҷроия, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва коргарони масъули баъзе вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ кард.

Раисҷумҳур таъкид дошт, ки мақсади мулоқоти имрӯза бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.

Баъди таҳлилу баррасӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Имрӯз дар назди Президент, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Юсуф, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон, Раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Чиллазода Қарахон, вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин, роҳбарони бонкҳои саҳҳомии кишвар ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов дар назди раисҷумҳур гузориш доданд.

Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ошкор кардани қонунвайронкуниҳо, ҷиноятҳои молиявии вобаста истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои характери коррупсионӣ дар мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ, маълумот дода шуд.

Зимни гузориши вазири молия, раиси Кумитаи андоз, сардори Хадамоти гумрук ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, масъалаҳои иҷрои босифати нақшаи даромад ва хароҷоти буҷет, иҷрои барномаҳои давлатӣ, зарурати ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ дар коргузорӣ, соддагардонии андоз, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти таъин ва пардохти нафақа, баррасӣ карда шуд.

Раисони Бонки миллӣ, “Амонатбонк” ва бонкҳои саҳҳомии кишвар ба раисҷумҳур оид ба низоми бонкдорӣ, қурби пули миллӣ, беҳдошти сатҳи хизматрасонии бонкӣ, амонатгузорӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, гузориш доданд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи роҳбарону коргарони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳои кишвар, барои бар нафъи давлату миллат бо садоқат фаъолият кардан, дастуру супоришҳои мушаххас дод.